Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту бишинам
Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту бишинам,
Ба ҷуз рӯят намехоҳам, ки рӯи ҳеч кас бинам.
Ман аввалрӯз донистам, ки бо Ширин дарафтодам,
Ки чун Фарҳод бояд шуст даст аз ҷони ширинам.
Туро ман дӯст медорам, хилофи ҳар кӣ дар олам,
Агар таъна-ст дар ақлам, в-агар рахна-ст дар динам.
В-агар шамшер баргирӣ, сипар пешат бияндозам,
Ки бе шамшер худ куштӣ ба соъидҳои симинам.
Барой, эй субҳи муштоқон, агар наздик рӯз омад,
Ки бигрифт ин шаби ялдо малол аз Моҳу Парвинам.
Зи аввал ҳастӣ овардам, қафои нестӣ хурдам,
Кунун уммеди бахшоиш ҳамедорам, ки мискинам.
Диле чун шамъ мебояд, ки бар ҷонам бибахшояд,
Ки ҷуз вай кас намебинам, ки месӯзад ба болинам.
Ту ҳам чун гул зи хандидан лабат бо ҳам намеояд,
Раво дорӣ, ки ман-булбул чу бӯтимор биншинам?
Рақиб ангушт мехояд, ки Саъдӣ, чашм бар ҳам неҳ,
Матарс, эй боғбон, аз гул, ки мебинам, намечинам.