Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Меравам, в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам

Меравам, в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам, Хабар аз пой надорам, ки замин месипарам. Меравам бе дилу бе ёру яқин медонам, Ки мани бедили беёр на марди сафарам. Хоки ман зинда ба таъсири ҳавои лаби туст, Созгорӣ накунад обу ҳавои дигарам. Ваҳ, ки гар бар сари кӯи ту шабе рӯз кунам, Ғулғул андар малакут афтад аз оҳи саҳарам. Пой мепечаму чун пой дилам мепечад, Бор мебандаму аз бор фурӯбастатарам. Чӣ кунам, даст надорам ба гиребони аҷал, То ба тан-дар зи ғамат пираҳани ҷон бидарам. Оташи чашми ту бурд оби мани хоколуд, Баъд аз ин бод ба гӯши ту расонад хабарам. Ҳар наварде, ки зи тумори ғамам боз кунӣ, Ҳарфҳо бинӣ олуда ба хуни ҷигарам. Не, мапиндор, ки ҳарфе ба забон орам агар, То ба сина чу қалам бозшикофанд сарам. Ба ҳавои сари зулфи ту даровехта буд Аз сари шохи забон барги суханҳои тарам. Гар сухан гӯям минбаъд, шикоят бошад, В-ар шикоят кунам аз дасти ту, пеши кӣ барам. Хори савдои ту овехта дар домани дил, Нангам ояд, ки ба атрофи гулистон гузарам. Басари равшанам аз сурмаи хоки дари туст, Қимати хоки ту ман донам, к-аҳли басарам.