Бархез, то яксӯ ниҳем ин далқи азрақфомро
Бархез, то яксӯ ниҳем ин далқи азрақфомро,
Бар боди қаллошӣ диҳем ин ширки тақвономро.
Ҳар соат аз нав қиблае бо бутпарасте меравад,
Тавҳид бар мо арза кун, то бишканем асномро.
Май бо ҷавонон хурданам боре таманно мекунад,
То кӯдакон дар пай фитанд ин пири дурдошомро.
Аз мояи бечорагӣ Қитмир мардум мешавад,
Мохулиёи меҳтарӣ саг мекунад Балъомро.
З-ин тангнои хилватам хотир ба саҳро мекашад,
К-аз бӯстон боди саҳар хуш медиҳад пайғомро.
Ғофил мабош, ар оқилӣ, дарёб, агар соҳибдилӣ,
Бошад, ки натвон ёфтан дигар чунин айёмро.
Ҷое ки сарви бӯстон бо пои чӯбин мечамад,
Мо низ дар рақс оварем он сарви симандомро.
Дилбандам он паймонгусил, манзури чашм, ороми дил,
Не-не дилоромаш махон, к-аз дил бибурд оромро.
Дунёву дину сабру ақл аз ман бирафт андар ғамаш,
Ҷое ки султон хайма зад, ғавғо намонад омро.
Борони ашкам меравад, в-аз абрам оташ меҷаҳад,
Бо пухтагон гӯй ин сухан, сӯзиш набошад хомро.
Саъдӣ, маломат нашнавад, в-ар ҷон дар ин сир меравад,
Сӯфӣ, гаронҷонӣ бибар, соқӣ, биёвар ҷомро!