Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

То кай, эй дилбар, дили ман бори танҳоӣ кашад

То кай, эй дилбар, дили ман бори танҳоӣ кашад, Тарсам, аз танҳоӣ аҳволам ба расвоӣ кашад. Кай шикебоӣ тавон кардан, чу ақл аз даст рафт? Оқиле бояд, ки пой андар шикебоӣ кашад. Сарвболои мано, гар чун гул оӣ дар чаман, Хоки поят наргис андар чашми биноӣ кашад. Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад. Шаҳд резӣ, чун даҳонат дам ба ширинӣ занад, Фитна ангезӣ, чу зулфат сар ба раъноӣ кашад. Дил намонад баъд аз ин бо кас, ки гар худ оҳан аст, Соҳири чашмат ба миқнотиси зебоӣ кашад. Худ ҳанӯзат пистаи хандон ақиқин нуқтаест, Бош, то гирдаш қазо паргори миноӣ кашад. Саъдиё, дам даркаш, ар девона хонандат, ки ишқ Гарчи аз соҳибдилӣ хезад, ба шайдоӣ кашад.