Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дар пои ту афтодан шоиста даме бошад

Дар пои ту афтодан шоиста даме бошад, Тарки сари худ гуфтан зебо қадаме бошад. Бисёр забуниҳо бар хеш раво дорад, Дарвеш, ки бозораш бо муҳташаме бошад. З-ин сон, ки вуҷуди туст, эй сурати рӯҳонӣ, Шояд ки вуҷуди мо пешат адаме бошад. Гар ҷумла санамҳоро сурат ба ту монистӣ, Шояд ки мусулмонро қибла санаме бошад. Бо он ки асиронро куштию хато кардӣ, Бар кушта гузар кардан навъи караме бошад. Рақс аз сари мо берун имрӯз нахоҳад шуд, К-ин мутриби мо яктан хомӯш намебошад. Ҳар к-ӯ ба ҳама умраш савдои гуле будаст, Донад, ки чаро булбул девона ҳамебошад. Кас бар алами решат воқиф нашавад, Саъдӣ, Илло ба касе гӯӣ, к-ӯро аламе бошад.