Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бо корвони мисрӣ чандин шакар набошад

Бо корвони мисрӣ чандин шакар набошад, Дар луъбатони чинӣ з-ин хубтар набошад. Ин дилбарию шӯхӣ аз сарву гул наёяд, В-ин шоҳидию шангӣ дар моҳу х(в)ар набошад. Гуфтам ба шермардӣ чашм аз назар бидӯзам, Бо тири чашми хубон тақво сипар набошад. Моро назар ба хайр аст аз ҳусни моҳрӯён, Ҳар к-ӯ ба шар кунад майл, ӯ худ башар набошад. Ҳар одамӣ, ки бинӣ аз сирри ишқ холӣ, Дар пояи ҷамод аст, ӯ ҷонвар набошад. Илло гузар набошад, пеши ту аҳли дилро, В-арна, ба ҳеч тадбир аз ту гузар набошад. Ҳушам намонд бо кас, андешаам туӣ бас, Ҷое ки ҳайрат омад, самъу басар набошад. Бар андалеби ошиқ гар бишканӣ қафасро, Аз завқи андарунаш парвои дар набошад. Ту масти хоби нӯшин то бомдоду бар ман Шабҳо равад, ки гӯӣ, ҳаргиз саҳар набошад. Дил мебарад ба даъво фарёди шавқи Саъдӣ, Илло баҳимаеро, к-аз дил хабар набошад. То оташе набошад, дар хирмане нагирад, Томоти муддаъиро чандин асар набошад.