Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу турки дилбари ман шоҳиде ба шангӣ нест

Чу турки дилбари ман шоҳиде ба шангӣ нест, Чу зулфи пуршиканаш ҳалқаи фарангӣ нест. Даҳонаш арчи набинӣ, магар ба вақти сухан, Чу нек дарнигарӣ, чун дилам ба тангӣ нест. Ба теғи ғамзаи хунхор лашкаре бизанӣ, Бизан, ки бо ту дар ӯ ҳеч марди ҷангӣ нест. Қавӣ ба чанги ман афтода буд домани васл, Вале дареғ, ки давлат ба тезчангӣ нест. Дувум ба лутф надорад, аҷаб, ки чун Саъдӣ Ғуломи Саъди Абӯбакри Саъди Зангӣ нест.