Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Худованде чунин бахшанда дорем

Худованде чунин бахшанда дорем, Ки бо чандин гунаҳ уммедворем. Кӣ бикшояд даре, к-Эзид бубандад, Биё, бо ҳам дар ин даргаҳ бинолем. Худоё, гар бихонӣ в-ар биронӣ, Ҷуз инъомат дари дигар надорем. Сар афрозем, агар бар банда бахшӣ, В-агарна аз гунаҳ сар барнаёрем. Зи муште хок моро офаридӣ, Чӣ гуна шукри ин неъмат гузорем? Ту бахшидӣ равону ақлу имон, В-агарна мо ҳамон мушти ғуборем. Ту бо мо рузу шаб дар хилвату мо, Шабу рузе ба ғафлат мегузорем. Нагуфтам, хидмат овардему тоат, Ки аз тақсири хидмат шармсорем. Мабод он руз, дар даргоҳи лутфат, Ба дасти ноумедӣ сар бихорем. Худовандо, ба лутфат бо салоҳ ор, Ки мискину парешонрузгорем. Зи дарвешони кӯй ангор моро, Ки аз хосони ҳазрат бар канорем. Надонам, диданашро худ сифат чист, Ҷуз инро, к-аз самоаш беқарорем. Шаробе дар азал У дод моро, Ҳануз аз тоби он ман дар хуморем. Чу ақл андар намеғунчад, ту Саъдӣ, Биё, то сар ба шайдоӣ барорем.