Миëни зану шуй дар ҷангу хашм
Миëни зану шуй дар ҷангу хашм,
Миëнҷӣ макун, гуй, бикшой чашм.
Ки чун ҷангу шур афтад андар миëн,
Ту макшой аз баҳри эшон забон.
Ки чун з-оштишон саломат расад,
Туро з-он саломат маломат расад.
Чунин гуфт доно, чу барзад нафас:
«Туро бо зани хеш кор асту бас!».
Аз "Пандномаи Анушервон"