Падарро як шабе ӯ дид дар хоб
Падарро як шабе ӯ дид дар хоб,
Парешонҳол байни ҷамъи аҳбоб.
Бигуфташ ай Падар чун аст ҳолат?
Чаро зард аст гулгуни ҷамолат?
Бигуфто саъй шуд кор ай ҷигарбанд,
Ҳамон дам, ки ҷудо шуд банд аз банд.
Нидо омад чӣ овардӣ ба даргоҳ?
Чӣ дорӣ дар ибодат тушаи роҳ?
Бигуфто: шаст Ҳаҷ кардам Худоё,
Намозу савму тоат зуҳду тақво.
Ҷавоб омад нашуд ин ҷумла мақбул,
Биёр лоиқ дар ин шоиста махсур.
Биларзидам ба худ зон ваҳм чандон,
Шикаст аз зилзила сарҳои дандон.
Нидо омад ки рузе ёд дорӣ?
Гирифтӣ хораке аз рохҳузорӣ.
Мабодое халад дар пои муъмин,
Биёзорад кафи ҷуяндаи дин.
Пазируфта шудӣ з-он нек ният,
Бикардем ҷои ту дар қасри Ҷаннат!