Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Найсаворем ба мисли кӯдак

Найсаворем ба мисли кӯдак Андар ин размгаҳи шеъру сухан. Найи худ Рахши дамон пиндорем, Вой бар шеъру сухан, вой ба ман! Аспрезе набувад чун моро Ҷуз дили тангу ҳавасҳои пареш, Навҳаю нолакунон менозем Бо ғаму ғуссаи тифлонаи хеш. Дар пайи ёр сарандозӣ ҳам Он қадар машғалаи бозӣ нест. Набувад ор сарандозии мо, Гар сарандозии мо сарбозист. Офарин бод ба соҳибсухане, Ки ба хун мисрааш оғушта шавад, Дар пайи ишқ чу дар пойи Ватан Юсуфивор* агар кушта шавад. Накунам бовари маҷнунии дил, Накунад гарки биёбонмаргаш. Гар натаркад дили ошиқ, чӣ дил аст, Чун кунад ёри ягона таркаш. Ин ҳавасбозии тифлона бас аст В-он ҳама нолаи бехуни ҷигар. Набвад ар куштаи Рустам Сӯҳроб, Накунад нолаи Таҳмина асар.