Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ, Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!