Ид асту халқе ҳар тараф доманкашон бо ёри худ
Ид асту халқе ҳар тараф доманкашон бо ёри худ,
Мискин мани бесабру дил ҳайрон шуда дар кори худ.
Ҳам мурғ нолон дар чаман,ҳам гул дарида пираҳан,
Ҳар кас ба ёре дар сухан,ман бо дили афгори худ.
Ту ҳамчу гул доманкашон рафта ба гашти бӯстон,
Пеши ту мискин боғбон шарманда аз гулзори худ.
Ақлам,ки будӣ раҳнамун,хандид бар аҳли ҷунун,
Ман низ механдам кунун бар аҳли даъводори худ.
Гар рози дил нанҳуфтаме,дар хоку хун кай хуфтаме,
Ҳам бо табибе гуфтаме ҳоли дили бемори худ.
Дар ҷон дарун он тундхӯ доим ба дил дар гуфтугӯ,
Бечора ман маҳрум аз ӯ,чундида аз дидори худ.
Шоҳӣ,зи хубон зад нафас афтод дар доми ҳавас,
Чун андалебони қафас дармонда аз гуфтори худ.