Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳамза Ниёзӣ
Ҳамза Ниёзӣ

Дило, ғофил машав ҳаргиз, нигар гардуни дунёро

Дило, ғофил машав ҳаргиз, нигар гардуни дунёро, Шумор имрӯзаро фурсат, махӯр андӯҳи фардоро, Дар ин ҷодуи каҷпаҳлӯ фиреби садҳазорон аст, Куҷо бигзошт Луқмону Сикандар Дору Синоро. Макун асрори худ зоҳир ба назди ҳар касу нокас. Кушуди ғунчаҳо орад хазони барги зеборо. Мазан дар ҳар куҷо оҳу фиғон монандаи булбул. Ки сози оқибат ёри қафас рӯйи чаманҳоро, Ҳазорон беҳ хамӯшидан агар хуни ҷигар гардӣ, Ки орад лола бо сад доғ сайри файзи саҳроро. Гуҳар пайдо кунад дар вақти худ як қатраи найсон, Чӣ ҳосил аз шитоби абри борон санги хороро. Сукуте беҳ бувад ҳар дам, Ниҳон, аз носазо гуфтан, Кушода моҳиён лаб, мекунанд хун оби дарёро!