То кай набувад бо дили ман тамкинат? То чанд бувад ҷавру ҷафо оинат? Пайваста ба кинаи дилам мепечад Зулфини хамандархами чинбарчинат.