Бо пистаи ширини ту шаккар ҳеч аст, Бо сунбули мушкини ту анбар ҳеч аст. Гӯянд, ки ҳеч аст зи тангӣ даҳанат, Ман ҳеч надидаям, сухан дар ҳеч аст.