Тарки дунёи дун бигир, Камол, То ҷаҳонет марди дин хонанд. Ҳар ки дар банди ришу дастор аст, Хосу омаш ба ҳеч настонанд. Чун кулоҳ ар саре-ш ҳаст ба тарк, Ҳама бар фарқҳо-ш биншонанд.