Ин замон дар азизи ман филҳол
Ин замон дар азизи ман филҳол,
То замони дигар чӣ бошад ҳол.
Ҳарфи аввал зи ҳар ду гиру ду панҷ,
Рубъи дигар диҳаш зи рӯйи мисол,
То шавад номи он маҳе, ки надид
Осмон мисли ӯ бадеъҷамол.
Чун Худояш ба хеш хонд бузург,
З-он бузургӣ расид ӯ ба Камол.