Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Юнусова Фаросатхон
Юнусова Фаросатхон

Мактабам

Ҳар гаҳе неҳам қадам бар остони мактабам, Дил шавад аз меҳр пуру ҳам барорам болу пар, То ки зери гармии офтоби меҳри дӯстон Пар занам бо хандаи лабҳо, ки чун дар бустон. То ки меҳру ишқи устод, меҳру ишқи дӯстон, Ҳамдаме бошад бароям, ҳар замону ҳар макон. Ҳар куҷо бошам мани ошиқ, ман дилдодаам, Бар ҳамон саҳну ҳамон обу ҳамон боғу макон. Ман, Фаросат, ошиқи ту ҳастам, эй ҷон, мактабам, Дон, ки то охир, туро бо меҳри дил мепарварам.