Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Паём

Чанд нома фиристодам, аз ту саломе нест, Чашмам ба дару аз ту ҳануз паёме нест. Бе ту чӣ кунам ҷоно боре ба васлам рас, Чанд моҳ гузашт аз байн аз ту каломе нест. Шошаншаҳӣ мулки ишқ нодида магир банда, Дар мулки ту ошиқтар аз ман ғуломе нест. Гуянд ба илҳомам руҳбахш ғазал хонам, Дар бумӣ ту ин кабкро афсус кӣ доме нест. Субҳе ба суруш гуфтам буйи санамам боз ор, Дар боғӣ Адам ҷузъ ман хушбуй машоме нест. Форис бизан ту низ то дар сафӣ он риндон, Ба ҷузъ ҷаннату ёрон андешаи хоме нест.