Нишастам дӯш ман бо булбулу парвона
Нишастам дӯш ман бо булбулу парвона дар як ҷо,
Сухан гуфтем аз бемеҳрии ҷонона дар як ҷо.
Ман андар гиря, булбул дар фиғон, парвона дар сӯзиш,
Тамошо дошт ҳоли мо се тан девона дар як ҷо.
Ба сидқу сӯзишу шӯридагӣ дар ишқи ёри худ
Ману парвонаву булбул шудем афсона дар як ҷо.