Шеърҳо бо теги: муқаттаъот
Шеърҳои марбут ба теги «муқаттаъот» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Мураттабкунӣ:
Мураттабкунӣ: аз рӯи алифбо
Ба боргоҳи Сулаймон кӣ арза медорад,
Ба боргоҳи Сулаймон кӣ арза медорад, Ки нест маскани маълум мӯри мискинро. Мани ғариб чу шоҳини чашмбаставу боз Мураббие на, ки гӯяд ба пеши шоҳ инро.
Қитъа
Носир, инсоф аз ҷаҳон маталаб, Ки дар офоқ аз ӯ наёбӣ гард. Хусрави одиле намонд магар, Тоҷдорӣ хурӯс хоҳад кард.
Қитъае дар шикоят аз пирӣ
Шуд душмани ҷавонӣ мӯйи сапед бар сар, Он беҳ, ки ҷойи душман болои сар набошад. Сар ҳамчу субҳи козиб бевақт шуд сапедам, Шоме зи субҳи пирӣ ториктар набошад.